Ислом Каримов бо 90 дарсади овозҳо дигарбора президент шуд
Ислом Каримов бори дигар барандаи интихоботи президентии Узбакистон эълон гардидааст.
Масъулини Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон рӯзи 30 март дар пайи як нишасти хабарӣ эълон кардаанд, Каримови 77-сола дар интихобот наздик ба 90 дарсади раъйи овоздиҳандаҳоро соҳиб шудааст.
Ба иттилои ин комиссия, дар интихоботи президентии рӯзи 29 марти Узбакистон 91 дарсади раъйдиҳандаҳо иштирок кардаанд.
Ислом Каримов, ки 30-юми январи соли равон ба синни 77 расид, аз соли 1989 курсии раҳбарии Узбакистонро дар даст дошта, инак барои бори чаҳорум ба курсии раҳбарии кишвараш нишаст.
Ин дар ҳолест, ки Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки барои назорати интихоботи президентӣ вориди Узбакистон шудаанд, рӯзи 20 март бо баргузории як нишасти хабарӣ гузориши муқаддамотии худро нашр карда, гуфтанд, иштироки Ислом Каримов дар ин интихобот ғайриқонунӣ аст.
Дар гузориши нозирони САҲА зикр шуда буд, дар моддаи 90-и Конститутсияи Узбакистон муҳлати президентӣ дар ин кишвар ду давраи пай дар пай аст ва бинобар ин пешбарии номзадии президенти феълӣ дар интихобот барои бори савум ғайриқонунист: “Дар соли 2011 бо ташаббуси Ислом Каримов муҳлати президентӣ дар Узбакистон дубора тағйир ёфта, аз 7 сол ба 5 сол иваз гардид. Мафҳуми “муҳлат” шумораи дақиқи солро нишон медиҳад, бинобарин вақте ба дунболи 7 соли президентӣ 5 соли дигар меояд, ин ду муҳлат наметавонад чун ду муҳлати пай дар пай ба ҳисоб равад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин тағйири муҳлати президентӣ то 5 сол ғайриқонунӣ буд.”
Нозирони САҲА низ баъд аз барандаи интихобот эълон шудани Каримов гуфтаанд, ин пирӯзӣ дар ҳоле ба ӯ нисбат дода мешавад, ки дар ин маъракаи сиёсии кишвараш рақиби ҷиддие надошт.
Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.