"Мехостанд ҲНИТ дар саҳнаи сиёсӣ қонунӣ амал накунад"
Муҳиддин Кабирӣ, ки дар Анҷумани 9-уми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бидуни рақиб барои чор соли дигар раиси ҳизб интихоб шуд, рўзи 26 сентябр, баъди як рўзи анҷуман журналистонро ба нишасти хабарӣ даъват кард. Кабирӣ нахуст ба ин нукта ишора кард, ки ҳизбаш дар 4-5 соли ахир масъулияти муҳиме дошт. Нигоҳ доштани ваҳдат, якпорчагии ҳизб ва дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон боқӣ мондан ҳамчун як ҳизби расмии қонуниро ў аз муҳимтарин масъулият дар ин замина унвон кард. "Бояд эътироф кунем, ки хатарҳо, чолишҳо дар ин давра ба ҳизб буданд. Чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил баъзеҳо дар орзуи он буданд, ки ҲНИТ-ро ба ҳайси ҳизби ягонаи динӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби қонунӣ набинанд. Баъзе талошҳо ҳам шуд. Бинобар ин ҳизб масъулияти худро дар ин 4-5 соли гузашта анҷом дод",-афзуд номбурда.
Раиси ҲНИТ ҳамчунин гуфт, зарфияте, ки ташкилоти сиёсии онҳо дорад, Тоҷикистон барои он тангӣ мекунад. Ба ин хулоса Кабирӣ дар пайи сафарҳое, ки дар минтақа, Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон дошт, расидааст: "Мо хеле зарфияти бузург дорем, ин потенсиал танҳо дар кадрҳои ҳизб не, ин зарфият дар ҷонибдории мардум аст. Мо набояд инро тавре бифаҳмем, ки ҳизби мо аз лиҳози кадрӣ то он ҳад қавӣ ҳаст, ки дигар кишвар онро намеғунҷонад. Баръакс, мо ҳанўз ба ин ҳад нарасидем ва талош дорем, ки бирасем.Зарфияти мардумии мо тавре ҳаст, ки он фақат дар Тоҷикистон нест. Дар Русия ҳаст, дар дигар кишварҳо ҳастанд. Анҷумани ҳизб нишон дод, ки нуфузи ҳизб дар миёни ҳаракату ҳизбҳои ҷаҳон ҳам зиёд аст. Аз ин хотир мо эълон кардем, ки аз ин ба баъд ҳизб масъулияти бештаре ба худ дошта бошад. Марзҳои сохтаву бофтаро барои ҳизб бишканад. Биравад суроғи мардум, ҷонибдоронаш дар хориҷи кишвар ва робитаҳои қавитаре бо дигарон дошта бошад. Манзур аз ҳарфҳои мо ин буд, ки зарфияти ҳизб дуруст ва беҳтар истифода шавад.
"Маро раёсати олӣ таъин кард, вакилон интихоб"
Аз Кабирӣ перомуни сару садоҳое пурсида шуд, ки эҳтимоли интихоби номзади дигареро ба симмати пешвои ҳизб тахмин мезаданд. ў гуфт, аввалин маротиба пешниҳоди тағиру иловаҳо ба оинномаи ҲНИТ-ро вай ба миён гузошта буд. "Мо аз қабл назари шахсии худро эълон карда будем, ки дар оинномаи ҲНИТ тағйирот ворид шавад. То ин ки муддати раҳбарии як нафар маҳдуд шавад, на бештар аз ду маротиба паи ҳам. Ин масъала дар шўрои сиёсии ҳизб якчанд маротиба матраҳ буд ва баҳсҳои хеле тўлонӣ шуд". Аммо мегўяд, ў шўрои сиёсии ҳизб тасмим гирифт, ки аслан дар ин давра ҳеч тағйироту иловаҳое ба матни оиннома ворид карда нашавад. Баъдан талош кардем, қабл аз Анҷуман ин масъала баррасӣ шавад, вале аксари бародарони аҳли Раёсат ба ин назар буданд, ки оиннома ҳамон тавре, ки ҳаст боқӣ монда шавад. "Вале вуҷуди оиннома бо ҳамин матн, яъне бо иҷозати раҳбарии як нафар бидуни маҳдудият монеъи он нест, ки як нафар худаш ҳар вақте, ки бихоҳад, масъулияташро канор бигзорад ва аз ду маротиба бештар дигар раҳбарӣ накунад. Ин ҳақро ҳеч кас аз раҳбари ҳизб нагирифтааст".
Бинобар ҳамин сару садоҳо дар мавриди он, ки раҳбари пешини ҳизб мемонад, ё иваз мешавад, хеле зиёд буданд. Вақте раёсати нави ҳизб 23-юми сентябр бо 59 узви ҷадид интихоб шуд, дар аввалин ҷаласа баҳси номзадҳо буд.
-Самимона мегўям, ки дар он ҷаласа банда иштирок накардам. Ва махсус иштирок накардам. Барои чӣ? Чун агар дар он ҷаласаи раёсат ширкат мекардам, вуҷуди раиси амалкунанда ҳатман таъсир мерасонад. Шояд ки бародарону хоҳароне, ки мехоҳанд худро, ё каси дигарро ба ҳайси номзад муаррифӣ кунанд, бо он фарҳанги шарқӣ ва тоҷикие, ки мо дорем, натавонанд ин корро анҷом бидиҳанд. Бинобар ҳамин тасмим гирифтам, ки дар ин ҷаласа худам ширкат накунам…
То ба ҳол намедонам, ки дар ин ҷаласаи раёсат чӣ баҳс буд, кадом номзадҳо баррасӣ шуданд. Оё номзаде буд, ё на суол накардам. Аслан бояд муҳтавои ҷаласа барои ман гуфта нашавад. Агар зарур донистаанд, ки боз як давраи дигар мо номзад бошем ба Анҷуман пас ин ҳақи раёсат аст. Барои ҳамин ҳам дар Анҷуман гуфтам, ки ин таъин буд. Таъин аз тарафи раёсати ҲНИТ, аммо вакилон маро интихоб карданд.
"5-10 нафаре дар ҲНИТ ҳаст, ки метавонад ҳизбро раҳбарӣ кунад"
Чун сухан сари интихоби берақиби Кабирӣ баргашт, ў гуфт, ки дар мо расм шудааст, ки чун рақиб набуд ин ҷо демократия риоя нашудааст. Мо интихоботҳои бо рақибу алтернативро ҳам дидем. ҲНИТ мехоҳад табиӣ рафтор кунад. Самимӣ бошад. Агар рақобат ҳаст, рақобати табиӣ ва самимӣ бошад. Агар рақиб ҳам нест, бояд ин ҳама табиӣ ва самимӣ бошад. Агар мо мехостем демократиясозӣ ва зоҳирпарастӣ кунем, ҳатман чанд нафарро хоҳиш мекардем, ки номзадиашро пешниҳод кунад, то расонаҳои хабарӣ, коршиносон ва вакилони Анҷуман бубинанд, ки дар баробари раиси амалкунанда чанд номзади дигар ҳам ҳаст. Вале мутмаинан ин сохтакорӣ мебуд. Мо намехоҳем, ки ҲНИТ-ро гирифтори ин сохтакорӣ кунем.
Ва дар ин нукта аз Муҳиддин Кабирӣ пурсида шуд, ки пас дар ҳизб нафаре нест, ки пахлўи шумо рақиб бошад? Посухи раҳбари ҲНИТ ин буд, ки агар рақиб ба маънои як фраксияи дигар ё шахсе, ки воқеан мехоҳад, ба ҳар қиммате бошад, ба раёсат бирасад, вуҷуд надорад. На ба хотири он, ки дигарон сазовор нестанд, ё аз мо камтар ҳастанд. Ба ҳамон тавре, ки дигарон тахмин мезаданд, маълум шуд, ки дар мо гурўҳҳову фраксияҳо нест. Қабл аз Анҷуман дар сўҳбати дигар ҳам гуфтам, ки ҳади ақал аз 5 то 10 нафар дар ҳизби мо ҳастанд, ки метавонанд ҳизбро раҳбарӣ кунанд. Шояд беҳтар ҳам раҳбарӣ намоянд. Вале имрўз, ки ҳизб дар ҳамин марҳала бо назардошти на вазъияти дохилии ҳизб, балки бо назардошти вазъияти кишвар, минтақа ва сўҳбатҳо дар атрофи ҳизб раёсати олӣ зарур донист, ки номзадии маро пешниҳод кунад. Ин ба ҳеч ваҷҳ маънои онро надорад, ки шахсони аз мо беҳтар, ё баробари мо нестанд.
"Масъалаи ҳузури нерўҳои низомии Русияро ҳукумат бояд бо мардум дар миён гузорад"
Вақте аз Кабирӣ мавқеи сиёсии ҳизби наҳзати исломиро дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия пурсиданд, гуфт, ки дар ин масъала мавқеи ҳукуматро мунтазиранд. Мехоҳем нахуст ҳукумати Тоҷикистон мавқеи худро мушаххас намояд ва агар он ба мавқеи мо мувофиқат намояд, аз он ҷонибдорӣ мекунем. Дар сурати баръакс ҳизби мо мавқеи худро мегўяд. Мо зиёд мехоҳем, дар чунин мавзўи муҳими стратегӣ барои мардум ва давлат билохира ҳукумат таҷрибаи машварат бо мардумро роҳандозӣ кунад. Раҳбари ҲНИТ илова намуд, ки бо роҳҳои мухталиф мешавад ин корро анҷом дод ба монанди референдум, таъсиси шўрои аҳзоби сиёсӣ ва ё фаъолони ҷамъиятӣ. "Муҳим ин аст, ки масъалаи мазкур баррасӣ шавад ва аз ҳама асосаш он ба таври шаффоф сурат бигирад. На он гуна, ки ба мисли баъзе аз лоиҳаҳои қонун, ки ба таври якҷониба муҳокима мешаванд". Ба қавли Кабирӣ асри қарордодҳои дарозмуддат дар ин масъалаҳо гузаштааст. Он хоси солҳои баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, махсусан замони ҷанги сард аст. "Ҳоло одатан чунин қарордодҳо кўтоҳмуддат ё миёнамуҳлат имзо мешаванд. Панҷ сол, даҳ сол ё ҳади ниҳоӣ 15 сол, на 50 ё як аср",-афзуд ў.
"Барои курсии президентӣ не, барои ҷой дар парлумон талош мекунем"
Дар ин нишаст ҳам мавзуи интихоботи президентӣ дар соли 2013 канор намонд ва ин навбат низ Кабирӣ он чиро гуфт ки дар гузашта такрор карда буд. Вай мегўяд, мавқеи шахсияш чунин аст, ки барои ҳамаи ҳизбҳои исломӣ беҳтар аст, ки аз пешбарии номзадҳои худ ба мақоми раҳбарии давлат дар кишварашон худдорӣ варзанд. Кабирӣ гуфт, бо меҳмонҳои Анҷуман аз Мисру Малайзия сўҳбат кардааст ва онҳо нуктаи назарашро медонанд. Бисёриҳо ба ин андеша розӣ нестанд мегўяд вай. Аммо ин мавқеи ман аст, ки бояд ҳизбҳои хусусияти исломидошта бештар ба интихоботҳои парлумонӣ таваҷҷўҳ намоянд, на барои курсии президентӣ. Чун дар шарқ, дар ҷаҳони Ислом ин мавзўи мушкил аст. Дар ин ҷо вобаста ба ҳизбҳои исломӣ зиёд мушкилиҳо ба миён меояд.
"Аммо қаблан низ гуфта будам, ки сухани охирро анҷумани ҳизб мегўяд. Ҳизб тасмим мегирад, ки ба интихоботи президентӣ номзад пешниҳод кунад ё на. Агар ҳизб тасмим бигирад, онро ҳар пайрави он иҷро хоҳад кард".
"Кишварҳои президентии Осиёи Марказӣ ба манархия табдил ёфтаанд"
Кабирӣ андеша дорад, ки барои Тоҷикистон дар шароити кунунӣ низоми президентӣ мувофиқтар аст. Ин мавзўъ аз он сар зад, ки аз раҳбари ҲНИТ пурсиданд, ки низоми парлумонӣ ба манфиат аст ё президентӣ. Вай афзуд, ки низоми президентӣ низ дар ҳоле муассиртар мегардад, ки агар ваколатҳои президент маҳдуд шуда, ваколатҳои парлумон ва сарвазир зиёд шаванд. "Ҳоло мантиқан тамоми кишварҳои президентии Осиёи Марказӣ ба манархия табдил ёфтаанд. Аммо дар конститутсия президентӣ унвон мешаванд.Мо агар воқеан гумон мекунем, ки аз ҷараёне, ки ҳокимият барои раҳонидани кишвар аз буҳронҳои мухталиф ба дасти як нафар гузошта шуд, гузаштем, пас дар оянда бояд ваколатҳои парламент ва сарвазир зиёд карда шаванд".
"Мо мушкили иқтисодӣ надорем"
-ҲНИТ мушкили сиёсиву иқтисодӣ надорад. Мушкили ҳизби мо ин аст, ки ягона ташкилоти диние дар минтақа ҳастем, ки расман амал мекунад, гуфт Кабирӣ. Ба ақидаи вай ҳанўз бархе қишрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавҷудияти як ташкилоти динии сиёсӣ назари мусбате надоранд. Зимнан, дар мавриди изҳоротҳои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, зарур намешуморанд, ки изҳоротҳои зиёде дар баробари амалҳои ҳукумат ироа кунанд, вале мавриди баррасии ҷиддӣ қарор нагирад. Раиси ҳизби наҳзат ҳамчунин илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир аз сиёсати ҳукумат чандон розӣ нестанд.
"Теъдоди пайравони ҳизб дар ҳоли афзоишанд"
Дар ин нишаст ба теъдоди аъзои ҲНИТ низ ишора шуд. Муҳиддин Кабирӣ теъдоди расмии узви ҳизбашро 40 ҳазор унвон кард, аммо гуфт ин оморест, ки як ҳафта қабл аз Анҷуман дар ихтиёр дошт. Раиси ҲНИТ гуфт агар дар гузашта бахши аъзами пайравону аъзоёни ҳизбро сокинони шарқи кишвар ташкил медоданд, аммо дар рафти Анҷуман маълум гардид, ки теъдоди узв дар қисмати шимолии мамлакат зиёд шудааст. Кабирӣ ваъда кард, ки дар оянда кўшиш мекунанд, омори синусолиро низ дар ихтиёри ҷомеа гузоранд. ў гуфт, ҳарчанд ҳоло чунин оморро рўи даст надорад, аммо бештари аъзои ҳизб аз сини 40 боло будааст.
Абдулазизи Восеъ{jathumbnail off}