Украина дар Душанбе “Бозиҳои хатарнок” – ро ба саҳна мегузорад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додаст, ки 8-уми апрели соли ҷорӣ Театри шахсии лӯхтаки «Равлик» - и шаҳри Киев бо роҳбарии Юрий Титаров барои ҳунарнамоӣ ба Тоҷикистон меояд.
Наргис Розиқова, муовини директори Театри лӯхтаки Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳунарпешагони Театри лӯхтаки шаҳри Киев намоишномаи «Бозиҳои хатарнок» - ро то 22 апрел ба ҳаводорони ҳунари театрӣ пешниҳод менамоянд.
Театри шахсии лӯхтаки «Равлик» - и шаҳри Киев соли 1995 таъсис ёфта, асосгузорони он ҳунармандони касбӣ Юрий Титаров, Любов Михня - Титарова, Максим Кондратюк ва Анна Поляруш мебошанд.