Кушта шудани хоҳарзодаи Ато Муҳаммади Нур дар Балх
Мақомоти амниятии Афғонистон хабар додаанд, ки Азиз Ғанӣ, корманди раёсати ташрифотии Вазорати хориҷаи ин кишвар дар шаҳри Мазори Шариф аз сӯйи афроди муссалаҳи ношинос кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот Ғанӣ хоҳарзодаи сарпарасти вилояти Балх Устод Ато Муҳаммади Нур, яке аз шахсиятҳои пурнуфузи Афғонистони муосир мебошад.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон Аҳмадшикеб Мустағнӣ бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ки то кунун дар мавриди қатли Азиз Ғанӣ ҷузъиёти бештар дар дастарас нест ва масъулони амниятии ин кишвар ҳам чизе нагуфтаанд.
Кушта шудани хоҳарзодаи сарпарасти вилояти Балх дар ҳолест, ки дар ин авохир худи Устод Ато Муҳаммади Нур ба рӯйхати сиёҳи ҳам баъзе кишварҳои хориҷӣ ва ҳам баъзе гуруҳои тундрави Афғонистон ворид шуда буд. Ато Муҳаммад Нур яке аз пешвоёни тоҷикон дар Афғонистон буда, дар доираҳои сиёсӣ ва роҳбарии ин кишвар таъсири бузурге дорад.