Ҷоизаи Путин ба фармондеҳи нерӯҳои ИДМ дар ҷанги Тоҷикистон
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо имзои як қарор ба генерал-полковник Виктор Заварзин, собиқ фармондеҳи кулли неруҳои посдори сулҳи ИДМ дар Тоҷикистон, ордени “Барои хидмати шоён дар назди Ватан”, дараҷаи аввал додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Русия иттилоъ додааст. Заварзин, дар ҳоли ҳозир вакили Думаи давлати Русия аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”, генерал-полковники мустаъфии артиши Русия, ходими низомиву сиёсии ин кишвар буда, дар ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон хидмат кардааст ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон-1996-1997, фармондеҳии неруҳои посдори сулҳи ИДМ-ро ба уҳда доштааст.
Дар пайи кораш дар Тоҷикистон, Заварзин солҳои 1997 -2002 ба ҳайси намояндаи аршади Русия дар НАТО фаъолият кардааст.
Ҷоизагирии собиқ фармондеҳи нерӯҳои посдори сулҳ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан бар асоси як қарор дар Русия низомиёне, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар қаламрави кишвари мо хидмат карда буданд, бо иштирокчиёни ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон баробарҳуқуқ эътироф шуданд.