Қатли муҳоҷири 16-солаи тоҷик дар Петербург
Мақомоти пулиси Русия аз рӯи қатли муҳоҷири 16-соли тоҷик ва маҷруҳ кардани ҳамроҳи 19-солааш, ки ӯ низ шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз карда, муттаҳамон бо симои славяниро мавриди кофтукоб қарор додаанд.
Тибқи иттилои пулис ин қатл соати 20:15-и шаби 28-уми март аз ҷониби се нафар, ки симои славянӣ доштаанд, содир шудааст: “Дар кӯчаи Новатаров, дар назди хонаи рақами 86 се нафар бо симои славянӣ ба назди муҳоҷири 16-солаи тоҷик ва ҳамроҳи 19-солааш омада, талаб кардаанд, ки ҳамаи маблағҳояшонро диҳанд. Тоҷикон ин талабро рад кардаанд, ки бо муноқиша анҷомидааст. Яке аз ҳамлагарон зимни муноқиша бо корд ба дили ноболиғи тоҷик задааст, ки ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамроҳи 19-солааш бо ҷароҳати вазнин дар қисмати шикам дар беморхона бистарӣ мебошад”.
Мақомоти пулис мегӯянд, яке аз ҳамлагарон, ки бо корд муҳоҷиронро қатл ва маҷруҳ кардааст, ҷавони тақрибан 20-сола бо рӯйи гирду ранги зард буда, дар тан шими ҷинси рангаш сиёҳ ва сарпӯши сурх доштаааст ва феълан мавриди кофтукоб дорад.