Душанбе “Эстафетаи Хотира”-ро мизбонӣ мекунад
Бахшида ба 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе “Эстафетаи Хотира” бо иштироки ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад.
Ба иттилои сухангӯи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ин чорабинӣ рӯзҳои 30 ва 31 марти соли равон доир гардида, ба хотири иштирок дар ин эстафета ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ бо раҳбарии Жексенбай Дуйсебаев, узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси парлумонии Қазоқистон рӯзи 30 март вориди шаҳри Душанбе шудаанд.
Манбаъ меафзояд, чорабиниҳои баргузоршаванда дар доираи ин эстафета аслан дар боғи Ғалабаи пойтахт баргузор шуда, дар охир шӯълаи оташи фурӯзони ҷовидон аз Комплекси мемориалии “Ғалаба” дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Маскав гирифта мешавад.
Инчунин дар шаҳри Душанбе аксияи “Амвоҷи сабз” низ дар майдони “Ғалаба” доир шуда, нимаи аввали рӯзи 31 март мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ҳайати мазкур дар назар аст.