Вокуниши шадиди Саудӣ ба ҷонибдории Путин аз ташкили давлати Фаластин
Шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии арабистони Саудӣ ба паёми Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба сарони кишварҳои арабӣ ҷавоби рад дода, аз мавқеъгириҳои Маскав ба шиддат интиқод кардааст.
Ал-Файсал дар нишасти сарони Иттиҳоди кишварҳои араб дар шаҳри Шарм аш-Шайхи Миср рӯзи 29 март гуфтааст, Путин дар ҳоле дар паёми худ дар бораи роҳҳои мусоламатомез ҳарф задааст, ки Кремл бо кумаки низомӣ ба Башшор Асад дар куштори сокинони осоиша дар Сурия саҳм дорад. Владимир Путин дар паёми худ ба сарони кишварҳои араб гуфтааст, “Маскав дар канори мардуми араб қарор дорад ва талош мекунад, аз роҳҳои ҳалли мусоламатомез ба ҳалли буҳронҳои Сурия, Либия ва Яман кӯмак кунад”.
Раисҷумҳури Русия таъкид кардааст, кишвараш аз ташкили давлати Фаластин бо пойтахти Байтулмуқаддас ҷонибдорӣ хоҳад кард. Аммо вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ изҳор доштааст, Русия масъули бахше аз мусибатҳои мардуми Сурия аст, чун ба иддаои ӯ, Маскав аз режиме ҳимоят дорад, ки муддатҳост, машруияти худро аз даст додааст: “Путин аз роҳҳои мусоламатомез сухан мегӯяд, аммо дар айни ҳол ба кумаки низомии Асад барои куштори мардуми Сурия идома медиҳад”.