АКС: Тағйироти кадрӣ ва таъини аъзои Маҷлиси Миллӣ аз ҷониби Президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30-юми март бо имзои фармон ва қарорҳои ҳукумат дар вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадриро амалӣ карда, 6 узви Маҷлиси Миллӣ-палатаи болоии парлумони кишварро таъин намудааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, бо қарорҳои имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон Саидраҳмон Назриев, ки то ин вақт муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд: “Хол Ҳайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардиданд”.
Манбаъ афзуд, ки бо амрҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафаршо Иброҳимов муовини якуми директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова муовини директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Дар қатори 6 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон таъин шудаанд, дафтари матбуоти раисиҷумҳур Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; - Хайрулло Сафарзода – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун; - Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд; - Меҳринисо Бобобекова - раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ; - Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; - Абдурасул Насимов – раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румиро номбар кард.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои навтаъин барору комёбӣ таманно намуда, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан даъват кард.