Боздошти ду масъули воломақоми Агентии зидди нашъа бо $83 000 пора
Маъмурини Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду мансабдори воломақоми Оҷонсии назорати маводи нашъаоварро бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт кардаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 19-уми март зимни як амалиёт полковник Беков Саймухтор Абдуллоевич, сардори шуъбаи тафтишотии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар ва Маликов Эргаш, сардори шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии ин ниҳод боздошт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, боздоштшудагон барои аз қисми 3-и моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ (муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир) бо қисми 1-и ҳамин модда бандубаст кардани кирдори шаҳрванд “Б” аз бародараш-“И” 42 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, баъдан боз 80 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардаанд: “Онҳо дастур додаанд, ки аз 80 ҳазор доллар 50 ҳазор доллараш рӯзи 19-уми октябр супорида шавад. Дар натиҷаи 19-уми март дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед 88” Маликов Эргаш баъди гирифтани 41 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт гардид”.
Манбаъ мегӯяд, зимни аз назаргузаронии утоқи кории Беков Саймухтор Абдуллоевич, аз дохили сейфаш зиёда аз 23 ҳазор доллари амрикои он пайдо ва мусодира гардид, ки қисме аз 42 ҳазор доллар пораи қаблан гирифтааш мебошад: “Дар маҷмуъ боздоштшудагон аз шаҳрванд “И” 83 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтаанд”.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, феълан Беков ва Маликов дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо аз рӯи моддаи 319, яъне талаби пора идома дорад.