Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо навиштани як нома ба матлаби “Кумакхоҳии як маҷруҳи садама аз Президент”-и Хабаргузории “Озодагон” вокуниш нишон додааст.
“Озодагон” рӯзи 11 марти соли равон муроҷиати Давлатбӣ Холова, як зани 27-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои хайриявӣ ва мардуми саховатпешаро нашр кард. Ин ҷавонзани тоҷик, ки дар пайи як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст, мегӯяд, барои муолиҷа гирифтан бояд ба хориҷа биравад, аммо маблағи лозимро надорад. Ӯ аз президенти кишвар, Вазорати тандурустӣ ва созмонҳои хайриявию мардуми сарватманд барои гирифтани табобат дар берун аз ҷумҳурӣ кумак хоста буд.
Дар номаи вазорат, ки зери имзои Ш. Шарипов, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир ирсол шудааст, таъкид мешавад, табобат ва ҷарроҳии Давлатбӣ Холова, бемор ва нафари кумакхоҳанда аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар мувофиқи мақсад нест. Ба иддаои масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳоло гӯиё Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А.Нурматови кишвар барои табобати тавонбахшии ин бемор ба таври ройгон муваззаф шудааст.