Рустами Эмомалӣ мубориза бо фасодро аз “худӣ”-ҳо оғоз кард
Генерал Рустами Эмомалӣ, раиси тозатаъини Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар тамоми сохторҳои зертобеаш аттестатсия эълон кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз якуми апрел дар тамоми сохторҳои Оҷонсии зидди фасод аттестатсия гузаронда мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Манбаъ афзуд, роҳбарияти Агентӣ ният дорад, тариқи атестатсия сатҳи тахассусии масъулони мубориза бо фасодро баланд ва самаранокии фаъолияташонро бештар кунад.
Ин нахустин иқдоми Рустами Эмомалӣ арзёбӣ мешавад, ки ҳафтае қабл бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми раиси Хадамоти гумрук барканор ва раиси Оҷонсии зидди фасод таъин гардид.
Ин таъинот дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кори Оҷонсии зидди фасод дар ҷаласаи Шӯрои амният сурат гирифт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дод, ки Оҷонсии мубориза бо фасодро, ки 8 сол пеш худаш таъсис дод, боз барҳам медиҳад. Ӯ аз коргарони ин ниҳод дар ҷаласаи Шӯрои амният шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванду санҷишҳоро тариқи “заказ” мегузаронанд.