Туркманистон рақиби Русия дар фурӯши газ ба Аврупо
Аврупо хостори хариди гази Туркманистон дар ивази гази Русия шуд. Иттиҳоди Аврупо барои ворид кардани гази Туркманистон манфиатдор аст,- гуфтааст намояндаи ИА дар Туркманистон Денис Даниилидис. Барои аз саргирии гуфтугӯҳо дар мавриди сохтмони лулаи газ тариқи баҳри Хазар ба Ашқобод муовини президенти Кумиссюни Аврупо дар умури энержӣ Марош Шефчович меояд, - гуфтааст ин намояндаи ИА.
Даниилидис гуфтааст, ки “ба асоси баррасиҳои муқаддамотӣ мушоҳида шуд, ки барои хариди гази Туркманистон зарурат аст мушаххасот кунем, ки дар чӣ шароите ширкатҳои аврупоӣ метавонанд дар ин лоиҳа саҳм бигиранд”.
Гуфта мешавад Брюсел ва Ашқобод дар мавриди ворид кардани аз 10 то 30 миллиард куб газ дар як сол ба тавофуқ расидаанд. Барои ин Туркманистон бояд ба лоиҳаи хати лӯлаи маъруф ба "TANAP”, ки оғози истифодааш дар соли 2018 гуфта мешавад, бипайвандад. "TANAP” гази Озорбойҷонро ба Аврупо аз тариқи Туркия интиқол медиҳад.
Тукрманистон аз зумраи кишварҳое дониста мешавад, ки аз ҷиҳати захоири газ дар ҷаҳон дар ҷойи 4 қарор дорад.