Ҳайдар Ҷамол: Раҳмон дарк кард, ки Эрон аз Кабирӣ “рӯй гардондааст”
Ҳайдар Ҷамол, раиси Кумитаи исломии Русия масъалаи бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ карда, изҳор доштааст, ки раҳбарияти Тоҷикистон барои саркӯби ниҳоии ин ҳизби расмии динӣ шитоб дорад.
Ҳайдар Ҷамол бо нашри матлабе дар бораи ҳаводиси ахири атрофи ҲНИТ изҳор доштааст, ки ҳангоми эълони натоиҷи интихоботи парлумонии 1-уми марти солои 2015 мақомоти Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҲНИТ “1,5” навиштанд ва дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин ҳизб расман 9% раъй гирифт, дар ҳоле ки он замон ҳар сеюмин нафари раъйдиҳанда ба ҷонибдории ҲНИТ овоз дода буд: “Дар мавриди ин ки ҲНИТ дар интихоботи охир беш аз 5% раъйи мардумро соҳиб шудааст, шакке нест”.
Ҳайдар Ҷамол суол гузоштааст, ки барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон аз баҳри ҲНИТ гузашта бошад, дар ҳоле ки фаъолияти қонунии ҲНИТ дар фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҳузури он дар парлумон ҳамчун рамзи Ваҳдати миллӣ ба шумор мерафт?
Раиси Кумитаи исломӣ худаш ба ин суолаш посух додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳис кард, ки дигар Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ пуштибонии ҷиддиеро аз хориҷ надорад: “Маъмулан пуштибони ин ҳизб эрониҳо буданд, вале ин кишвар низ муддатҳо инҷониб аз ин ҳизб норозӣ буд. Эрониҳо бар ин назар ҳастанд, ки Кабирӣ сиёсатмадори аз ҳад зиёд нармтабиату муросокор аст ва аз тамоми имкониятҳои ҳизбаш истифода намекунад. Бо такя ба он пуштибониҳое, ки Кабирӣ дар Тоҷикистон дорад, метавонист Эмомалӣ Раҳмонро ба созиш водор кунад. Мисоли равшан ин худ ҳамон теъдоди беш аз якмиллионаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд, ки буҷаи давлати Тоҷикистон ба маблағи онҳо такя дораду бисёрашон ҷонибдори ҲНИТ ҳастанд. Танҳо ин омил метавонист фишанге дар дасти Кабирӣ барои суҳбат бо ҳукуматдорон шавад. Вале раҳбарияти ҲНИТ роҳи созишро интихобу аз мақоли “Сари хамро шамшер намебурад” истифода кард. Ҳукумат қонунҳоеро қабул карду аз ҷумла рафтани то 18-солаҳо ба масоҷидро манъ кард. Вале ҲНИТ ба хотири сулҳу оромии шаҳрвандон ин ҳамаро таҳаммул кард”.
Ҳайдар Ҷамол аз қавли яке аз фаъолони наҳзатӣ дар мавриди фаъолияти ин ҳизб гуфтааст, ки ҲНИТ ду роҳи интихоб дорад: “Яке холу имётизҳо дар хориҷ ва беэътиборӣ миёни мардум ё эҳтироми мардуму фаъолияти пинҳонӣ дар дохил. Зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба ҷои Кабирӣ интихоб кунад”.
Раиси Кумитаи исломии Русия хулоса кардааст, ки ғолибан бо чизе метавон бархӯрд, ки барои он мубориза набурдаанд...