Дастури Раҳимзода алайҳи либоспӯшии ғайримиллӣ ва ҳисоботи тобеин
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар пайи интиқоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз пайравии занони тоҷик ба фарҳанги бегона дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, имрӯз, 28-уми март сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ба муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар мавриди корҳояшон барои ҷилавгирӣ аз либоспӯшии ғайримиллии занон ва тақлидашон ба фарҳанги бегона ҳисобот додаанд.
Манбаъ мегӯяд, зимни ин ҳамоиш Аламшозода Абдураҳмон Аламшо изҳор доштааст, ки «ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад".
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ зимни ҷаласа Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ супориш додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда шаванд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.
Дар идома раисиҷумҳур гуфтааст, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.