Худдории Кабирӣ ва вокуниши се ноиби ӯ ба бастани ҲНИТ
Муовинони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шарҳи пешниҳоди Шӯрои уламо барои бастани ҲНИТ ба “Озодагон” ин иқдомро супоришӣ, ҷоҳилӣ, хилофи Сарқонун ва амнияти Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Инчунин масъулони ҲНИТ изҳор доштанд, ки алайҳи ин иқдоми зиддинаҳзатӣ даъво пешниҳод хоҳанд кард ва афзуданд, ки мақомот ҳатто бо бастани ҳизб наметавонанд маҳбубияти онро миёни мардум коста кунанд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ пешниҳоди бастани ҳизбашонро аз ҷониби Шӯрои уламо фармоишӣ хонда, афзуд, ки он аз натиҷаи интихоботҳои соли 2010 ва 2015 гирифта шудааст. Ӯ муътақид аст, ки агар ҲНИТ дар интихоботи соли 2010-ум овозҳои зиёди мардумро намегирифт, мақомоти Тоҷикистон алайҳи ин ҳизб иқдом намекарданд: “Доираҳои муайяне дар ҳукумат ҲНИТ-ро ягона ҳизбе мепиндоранд, ки дар оянда метавонад барои онҳо дарди сар эҷод кунад, зеро то имрӯз шоҳидем, ки барномаҳое, ки барои беҳбуди вазъ рӯи даст гирифтаанд, амалӣ нашудаанду садҳо мушкили дигар, аз ҷумла роҳи пулакӣ пайдо шудаанд”.
Ҳайит аз он интиқод намуд, ки мақомот бисёре аз мушкилоти ҷомеаро нодида мегиранд ва ё онро ба ба ҲНИТ рабт медиҳанд, ки нишонаи бемасъулиятӣ аст: “Имрӯз ягона роҳи халосиро аз ҲНИТ дар баргузории референдум медонанд, ки бо ин роҳ албатта метавонанд наҳзатро банданд, вале наметавонанд маҳбубияти ин ҳизбро ба таври сунъӣ аз мардум дур кунанд. Ин пешниҳоди онҳо ба манфиати сулҳу амнияти кишвар нест, балки хилофи моддаи 28-и Сарқонун аст, ки фаъолияти ҳама гуна ҳизбҳоро кафолат додааст”.
Воҳидхон Қосиддин, муовини дигари раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт бастани як ҳизби сиёсӣ, ки қонунмеҳвар аст, “ҷоҳилӣ” ва зери по намудани Конститутсия аст, ки аз муқаддасоти аслии кишвар аст: “Инро бояд ҳомиёни қонун мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дуввум ин, ки фаъолияти ҲНИТ натиҷаи созишномаи сулҳи тоҷикон аст, ки бо он ҳама ифтихор доранд ва дар моҳҳои наздик халқи тоҷик 18 солагии онро ҷашн хоҳад гирифт ва касе ҳақ надорад, ки натиҷаи созишномаи сулҳро зери суол барад. Ва сеюм мувофиқи Қонунҳои конститутсионӣ ташкилотҳои динӣ аз сиёсат ҷудоанд ва на бояд ба корҳои сиёсӣ дахолат намоянд. Аз минбари масҷид истифода намудан, барои ҳалли масъалаи сиёсӣ, ин як қонуншикании дигар аст, ки бояд шахсиятҳои вайронкунандаи қонун барои амалҳояшон ҷавоб гӯянд. Агар воқеан Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бошад, бояд қонунҳо аз ҷониби ҳама риоя шаванд. Мо интизори ҷавоби соҳибони қонун ҳастем ва даъво ҳам пешниҳод хоҳем кард”.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ низ пешниҳодро фармоишӣ хонда, афзуд, ки агар мақомот исбот кунанд, ки ҲНИТ сарчашма ё худ гунаҳкори мушкилот дар Тоҷикистон, аз қабили бекорӣ, бебарқӣ, муҳоҷирати оммавӣ ва ғайра мебошад, онҳо омодаанд худашон аз саҳнаи сиёсӣ канор раванд.
Худи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз шарҳи пешниҳоди бастани ҲНИТ худдорӣ намуд.
Ин дар ҳолест, ки 28-уми март Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд. Инчунин ӯ хост то мардум расман бо навиштани нома хостори бастани ҳизб тариқи раъйпурсии умумихалқӣ шаванд.