Ҳамоиши вазирони хориҷии кишварҳои СПАД дар Душанбе
Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ-СПАД, рӯзи 2-юми апрел дар Душанбе масоили хатар ва таҳдидҳо ба амнияти минтақаро баррасӣ мекунанд.
Дар ин бора Владимир Зайниддинов сухангӯйи СПАД хабар дода, афзудааст, ки “дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад”.
Дар ин нишаст баррасии мушкилоти сиёсати байналмилалӣ ва роҳҳои пешгирии хатароти марбут ба онҳо барои минтақаи кишварҳои узви ин созмон дар назар дошта шудааст.
Сухангуйи СПАД гуфтааст, ки интизор меравад изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СПАД вобаста ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ қабул шавад ва ҳамучунин масоили тақвият додани ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ барои таъмини амнияти Осиёи Марказӣ вобаста ба раванди вазъият дар Афғонистон ба баҳс гирифта мешавад.