Раиси ФМС фоидаи Русияро аз фурӯши патент 100 миллиард рубл гуфт
Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ХФМР) гуфтааст, ки аз низоми нави фурӯши патент барои муҳоҷирон ба буҷаи Русия солона аз 80 то 100 миллиард рубл фоида ворид мешавад. Ба гуфтаи раиси ХФМР танҳо дар чанд моҳи соли 2015 1 миллиарду 650 миллион рубл ба буҷа ворид шудааст.
Ромодановский ба хабаргузории “ТАСС”гуфтааст, ки теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро ба шиддат коҳиш медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи Ромодановский бештар аз 1 миллиону 240 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Русия мануъулвуруд шудаанд, ки бештари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба иттилои раиси ХФМР 70%-и теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ коҳиш дода шудааст.
Ин изҳороти раиси ХФМР дар ҳолест, ки бар асоси омори ғайрирасмӣ бештар аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба Русия мамнуъулвуруд шудаанд.
Ромодановский гуфтааст, ки Русия низоми худкори назорати давраи будубоши муҳоҷиронро фаъол кардааст, ки намегузорад муҳоҷирон аз муҷозот дар канор бошанд ва ба гуфтаи ӯ чунин як низом то ҳатто дар кишварҳои Аврупо вуҷуд надорад.
Ин мансабдори Русия гуфтааст, ки агар муҳлати будубоши ғайриқонунии як шаҳрванди хориҷӣ то 120 рӯз бошад ба муддати 3 сол ва агар то 270 рӯз бошад барои 5 сол ва агар бештар аз 1 сол ғайриқонунӣ иқомат карда бошад то 10 сол ба Русия мамнуъулвуруд гардонда мешавад. Аз ҳама бештар ба Русия шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Озорбойҷон Арманистон ва Қирғизистон муҳоҷират мекардаанд ва аз теъдоди онҳое ҳам, ки ба ҳудуди Русия иҷозаи сафар надоранд бештар шаҳрвандони ҳамин кишварҳо мебошанд,-гуфтааст Константин Ромодановский.