30 грамм -10 000 $: Боздошти сокинони Душанбею Хоруғ барои санг
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо сангҳои қимматбаҳо сокинони Душанбею Хоруғро боздошт намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод рӯзи 27-уми март, зимни як амалиёт 4 нафар- сокинони 58-сола, 51-сола, 30-солаи шаҳри Душанбе ва истиқоматкунанда 42-солаи шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид дастгир шуданд: “Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршудагон 30 грамм сангҳои қимматбаҳои “ёқут”, ба маблағи 10000 доллари амрикоӣ, ки барои фурӯш баровардаанд, дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.