“Шантаж”-и ноболиғ дар Душанбе: Ё ҳамхобагӣ мекунӣ ё...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 23 солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки тариқи таҳдид ё худ “шантаж” як толибаи синфи 11-и мактабро ба ҳамхобагӣ маҷбур мекардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ин ҷавон рӯзи 27-уми март дастгир гардидааст: “Зимни тафтишоти пешакӣ муайян шудааст, ки моҳҳои май-июни соли 2013 боздоштшуда бо толибаи мактаби миёна, соли таваллудаш 1997 алоқаи ҷинсӣ намуда, ин ҳолатро бо тариқи телефони мобилиаш пинҳонӣ сабт кардааст: «Сипас ҳангоми аз ҷониби ноболиғ рад намудани муносибатҳои шаҳвонии минбаъда, ин ҷавон таҳдид (шантаж) намудааст, ки наворҳоро бо тариқи интернет паҳн менамояд ва ба ҳамин восита духтаракро ба ҳамхобагӣ ҷалб мекардааст».
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол нисбати муттаҳам аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.