Зарари тоҷикон аз ҳамлаи гургон дар марз бо Афғонистон
Сокинони ноҳияи Панҷ мегӯянд, рӯзҳои охир дар пайи ҳамлаи гургон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон беш аз 80 сар чорвояшонро аз даст додаанд.
Айюби Ёқубзод, сокини деҳаи Шахмати ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, ки яке аз ҷабрдидагон мебошад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, галаи гургон шабона ҳуҷум намуда, 4 гӯсфандашро нобуд ва 5 сари дигарро маҷруҳ кардаанд.
Ба гуфтаи Ёқубзод дар пай ҳамлаи гургон ба деҳаашон ҳамсояҳояш низ ҷабр дида, дар маҷмӯъ қариб 80 сар бузу гӯсфандро аз даст додаанд: “Гургҳо ба дигар қишлоқҳо низ ҳамла кардаанд. Ман 5 сар чорвоямро, ки маҷруҳ шуда буданд, партофтам, чун духтурон ҳушдор доданд, ки боз ягон касалӣ нагузарад. Ростӣ, мо низ ҳайронем, чун бори аввал аст, ки ба деҳаи мо ин қадар гург омада гусфандҳоро мехӯрад. Дар аввал чандон бовар надоштем, гуфтем ҳайвони дигар аст, вале баъде ки бачаҳо чанд гургро аз по афтонданд, бовар кардем”.
Ин ҳамлаҳои пайдарпай дар ҳолеянд, ки Ёқубзод мегӯяд, гургҳо одатан дар фасли зимистон ҳуҷум мекунанд ва ҳайратовар хонд, ки деҳаи онҳо дар фасли баҳор ҳадафи гургҳо қарор гирифтааст: “Шояд инҳо аз тарафи Афғонистон ба Панҷ гузаштаанд... Аҷиб, мо аз ин ҳамлаи гургон дар ҳайрат мондаем”.