Худовезии боз як хонандаи синфи 11 дар Ашт
Субҳи имрӯз, 28-уми март боз як хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Ашт худкушӣ кардааст.
М.А-и 18-сола, ки дар гимназияи рақами 11-и маҳаллаи Киштаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд таҳсил мекардааст, тариқи худовезӣ бо зиндагӣ падруд гуфтааст. Феълан омили даст ба худкушӣ задани ин хонанда маълум нест, аммо ин ҳаштумин ҳолати худкушӣ дар вилояти Суғд мебошад, ки моҳи равон расонаӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари ахираш ба вилояти Суғд ба масъалаи худкушии ҷавонон дар минтақа дахл карда, барои ҷилавгирӣ аз ин раванд ба масъулин супориш дода буд.