Розигии Русия барои кӯмак ба тоҷикони Яман
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия барои кӯмак ба тоҷикони Яман, ки ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ қарор гирифтааст, изҳори омодагӣ кардааст.
Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки феълан чораандешиҳо барои берун бурдани тоҷикони Яман ба минтақаҳои бехатар идома доранд. Тоҷикони муқими Яман мегӯянд, феълан номнависи онҳо аз ҷониби намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ оғоз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми март ба тамоми сафоратхона ва намояндагиҳои кишвар дар давлатҳои арабӣ дастур дод, то барои берун овардани тоҷикони муқими Яман талош кунанд. Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27 март бо таъйиди ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман аз тамоми имкониятҳои худ истифода кунанд.
Дар пайи оғоз шудани ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ бо муттаҳидонаш ба Яман тоҷикони муқими ин кишвар, ки теъдодашон ҳудуди 800 нафар арзёбӣ мешавад, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар бароранд, чун ҷонашон дар хатар қарор дорад.