Хатлон ҳам аъзои Маҷлиси миллиро интихоб кард
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон дар пайи овоздиҳии пушидаи вакилони халқи ин вилоят интихоб гардиданд.
Ба иттилои расонаи “khatlon-ruznoma.tj”, дар интихоботӣи рӯзи 27 март аз тарафи вакилони халқи вилояти Хатлон 5 нафар узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Ҷабори Ғаффор - раиси ноҳияи Бохтар аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Хайруллои Амонулло - раиси шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шӯрообод, Мӯъминобод, Темурмалик, Саидумрон Абдураҳмонзода - раиси ноҳияи Қубодиён аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз, Қубодиён, Қумсангир, Ҷиликӯл, Миралӣ Раҷабзода - Носири Хусрав ва раиси шаҳри Норак аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
Инчунин номзадии Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, ки аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Балҷувон ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуда буд, узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз вилояти Хатлон интихоб шудааст.
Дар интихоб 5 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон 548 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва маҷлисҳои маҳаллии шаҳру навоҳии вилоят ширкат кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз шаҳри Душанбе дар пайи овоздиҳии пушида Худоёрзода Бахтиёр Тавар - роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмонова Наргис Шарифовна - котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сино, Шоев Нуралӣ Наботович- ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоев - Раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он курсӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.