Боздошти корманди 57-солаи суд дар Душанбе бо иттиҳоми порагирӣ
Як корманди 57-солаи мақомоти додгоҳӣ дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми гирифтани ришва боздошт шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин корманди додгоҳ аз як соҳибкорзани 42-солаи шаҳри Душанбе барои қонунӣ гардонидани мағозаи шахсияш ду ҳазору 500 доллари амрикоӣ ришва талаб кардааст.
Манбаъ, бидуни овардани ному насаби ин корманди мақомоти додгоҳӣ афзудааст, ӯ ҳангоми гирифтани 500 доллари амрикоӣ боздошт шуда, ҳоло алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.