Ду рӯз пеш аз интихобот: Ислом Каримов 60% раъй гирифт
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар пайи як назарпурсии онлайнӣ миёни се номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ бештар аз 60 дарсад раъй гирифтааст.
Суоли ин назарпурсӣ “Киро раиси ҷумҳури Узбакистон дидан мехоҳед” буда аз 24 феврал то 24 марти соли ҷорӣ 11 ҳазору 295 нафар дар он иштирок кардаанд. Коршиносони узбак дарёфти орои баланди Ислом Каримовро дар набуди номзадҳои воқеъӣ дар саҳнаи сиёсати Узбакистон маънидод кардаанд.
Номзад аз Ҳизби халқӣ демократӣ -- Хотамжон Кетмонов 12,2%, Акмал Саидов аз ҳизби "Миллий тикланиш” 9,1% ва Наримон Умаров аз ҳизби “Адолат” 3,2 дарсади раъйрро ба худ ихтисос додаанд.
Ин назарпурсӣ дар ҳоле анҷом шуда, ки то интихоботи президентӣ дар Узбакистон ду рӯзи дигар мондааст.