Бедарак шудани Ҳабибаи 15-сола дар шаҳри Душанбе
Ҳабибаи Муҳаммад, донишомӯзи 15-солаи ноҳияи Рӯдакӣ чаҳор рӯз мешавад, беному нишон гаштааст.
Муҳаммад, падари Ҳабиба рӯзи 27 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо гузашти чаҳор рӯз ҳанӯз дар бораи макони будубоши духтараш чизе намедонанд. Ба гуфтаи ӯ, Ҳабиба рӯзи 24 марти соли равон аз хона берун рафта, то ҳол барнагаштааст: “Бори охир ӯро дар шаҳри Душанбе дидаанд ва тавассути телефони як зан бо яке аз дӯстони худаш тамос гирифтааст”.
Падари Ҳабиба мегӯяд, ҳоло ҳамроҳи дӯстону наздикон дунболи пайдо кардани духтараш ҳастанд ва аз сокинон хоҳиш дорад, агар Ҳабибаро ҷое дидаанд ё дар бораи ӯ ҷизе медонанд, бо рақамҳои 917 224202 ва 917021262 занг зананд.
Ин дар ҳолест, ки Оиша Раҳматова, сокини 17-солаи ноҳияи Рудакӣ низ ҳудуди як моҳ мешавад, бедарак аст. Ӯ рӯзи 28 феврали соли равон аз хона берун рафта то ҳол барнагаштааст. Руқия Раҳматова, модари Оиша мегӯяд, дар робита ба гумшавии духтараш ба мақомоти пулис муроҷиат кардааст, вале то кунун дар бораи макони будубоши ӯ иттилое рӯи даст надоранд. Ин модари тоҷик низ аз сокинон хоҳиш дорад, агар дар бораи Оиша иттилое доранд ё ӯро ҷое дидаанд, бо рақамҳои 915 24 08 24 занг зананд.