Боздошти се ноболиғ бо иттиҳоми дуздии мошин
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 6 нафар, бо шумули 3 ноболиғ хабар дод, ки дар дуздии мошин муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 25 март кормандони пулис ду ҷинояти ғайриқонунӣ бурдани автомобилро ба қайд гирифтаанд, ки баъди як рӯз, 26 март ошкор гардидааст. Манбаъ мегӯяд, дар рабудани автомашинаи “Мерседес-Бенс”-и сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат, ки дар ҳудуди терминали “Сайёд” қарор доштааст, панҷ нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат гумонбар ҳастанд: “Аз ҷумла се нафарашон ноболиғони 17-сола, 16-сола, 14-сола ва ду нафарашон ҷавонони 19 ва 20-сола мебошанд”.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ВУД як марди 21-солаи Душанбе низ бо иттиҳоми рабудани сабукрави “ВАЗ-21013”-и сокини 18-солаи пойтахт дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.