АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд
Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд.
Ӯ рӯзи 27 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз дигар барои мо ҲНИТ лозим нест ва он бояд барҳам дода шавад: “Барои мову Шумо ин Ҳизби наҳзати исломӣ ва тамоми равияҳое, ки боиси фитнаангезӣ мешаванд, лозим нест”.
Сайид Акбар аз сокинон хост, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад: “Ҳизбҳое, ки номи Исломро барои худ шиору парчам карда, ин исми покро доғдор мекунанд, ин гуна ҳизб барои ҳеч касе лозим нест. Бахусус барои мардуми шарифи Тоҷикистон. Паёмбари Ислом (с) дар тули ҳаёти худ ҳеч равияеро ба майдон наовардаанд ва ин бар он далолат мекунад, ки чизеро Худованд ва ё ӯ амр накардааст, барои мо лозим нест”.
Ӯ дар идома бори дигар солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт, ҳанӯз аз ин солҳо замони зиёде нагузоштааст ва бояд ба қадри ин сулҳу суботи кишвар бирасем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хитоб ба намозгузорон гуфт, ҳеч тағйиротеро аз Худованд интизор набошанд, чун тибқи ояти Қуръон “ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки бар қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир надиҳанд”.
Ба ҳамин монанд суханҳо дар хутбаҳои намози ҷумъаи бархе масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон низ садо додаанд ва ба эҳтимоли зиёд гӯяндаҳо матни мавъизаеро қироат кардаанд, ки зери имзои А. Мавлонов субҳи имрӯз дастраси бархе расонаҳо, аз ҷумла “Озодагон” ҳам шуд. Муаллифи ин мавъиза пешниҳод кардааст, раъйпурсӣ гузаронда ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
Матни ин хутба дар 4 саҳфаи андозаи А-4 бо имзои Мавлонов А. В. (бо эҳтимоли зиёд Абдураҳмон Мавлонов, корманди раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) таҳия шудааст бо унвони “Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост” бо иқтибос яз як гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон – “Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон” оғоз мешавад.
Дар ин мавъиза аз натоиҷи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон истиқбол шуда, чунин гуфта мешавад: “Шумо худ огоҳед, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарифи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистонро дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинад”.
Дар ин матни хутба раъй надодани мардум ба ҳизби исломиро интихоби роҳи дуруст маънидод шуда, зикт мешавад, ки “дар интихоботи гузашта мардум ба ҳизби исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки фақат ваъдаҳои хом медоданд овоз надод. Зеро одамон аз асли масъала воқиф гаштанд”.
Муаллифи ин матн касонеро, ки ба ҳизби исломӣ райъ додаанд ҷудоихоҳ хондааст. “Мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гуруҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухунгуфтанҳо чӣ натиҷа медиҳад”,-омадааст дар ин матн.
Бо хитоб дар ин навишата гуфта мешавад, “бародарони аҳли ислом, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гуруҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд ба чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем”.
Муаллифи матн менависад, “интихобот нишон дод, ки халқи тоҷик ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч ниёз надорад ва умуман ҳар амале, ки дар он амри Паёмбар (с) ворид нашуда бошад, қобили қабул нест”. Дар ин матн пешниҳод мешавад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст: “Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусулмонем ва ҳамин бароямон кофист”.
Дар идомаи матн омада: “Биёед ҳама дастаҷамъона дархост намоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои қонунии ин масъаларо дарёфт намояд. Бигзор тариқи райъпурсии умумихалқӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд”.
Муаллифи ин матн қайд кардааст, “бовар дорам пешниҳоди маро оиди тариқи райъпурсии умумихалқӣ барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамагон дастгирӣ мекунанд, зеро интихоботи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст. Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.
Муаллифи ин маъвиза вуҷуди ҳизбҳои исломиро дар Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Сурия Тунис ва Либия омили аслии муноқишаҳои мазҳабӣ қаламдод мекунад, ки дар натиҷа ҷангҳо ва хунрезиҳо сар задаанд. Ҳодисаҳои Укроин ҳам аз назари ин муаллиф фирефта шудани мардум ба суханҳои гуруҳҳои муғриз будааст.
Дар муқаддимаи ин матн гуфта мешавад, миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд: “Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад”.
Ҳамчунин дар ин матн омадааст, “ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хӯрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шуданди чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусалмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад”.
Дар матни мазкур ба таври расмӣ ишора нашудааст, ки онро Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои масоҷиди ҷомеъ таҳия ва пешниҳод намудааст.