Боздошти афғони 30-сола бо 40 кило маводи нашъадор дар Кӯлоб
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 30-солаи Афғонистон дар шаҳри Кӯлоб хабар додааст, ки дар қочоқи 40 кило героин муттаҳам мешавад.
Агентӣ мегӯяд, ин шаҳрванди Афғонистон сокини вилояти Тахор буда, аз манзили иҷораи ӯ дар шаҳри Кӯлоб 33 бастаи маводи ҷигариранг ва 1 баста бо маводи хокамонанд дарёфт гардид: “Дар пайи экспертизаи судӣ муайян шуд, маводи мусодирашуда афюн бо вазни зиёда аз 40 кг ва героин бо вазни тақрибан 1 кг мебошад”.
Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, дар пайи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, дастгиршуда қасди фурӯши ин ҳаҷми героинро дар қаламрави Тоҷикистон дошта, маблағи онро ба суратҳисоби электронии соҳиби “бор” равон менамудааст.
Ин ниҳод афзудааст, ҳоло кормандони агентӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти пулиси Афғонистон шахсияти соҳиби героинро муайян карда, қасди боздошти ӯро доранд.