Ду мулоқоти Аслов дар Ню-Йорк. Маълумот ба Пан Ги Мун ва даъват аз Лакшми Пури
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқот 26 март дар қароргоҳи СММ доир шуда, ҷонибҳо масъалаҳои мухталиф, аз қабили рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва мусоидати СММ дар ин раванд, ширкат ва саҳми Тоҷикистон дар муҳокимаву гуфтушунидҳо роҷеъ ба Ҳадафҳои рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Манбаъ мегӯяд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дабири кулли СММ-ро бо раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, шинос намуда, аз сохторҳои дахлдори СММ ҷиҳати ширкати фаъолона дар чорабинии мазкур даъват ба амал овардааст.
Ба иттилои манбаъ, 26 март дар қароргоҳи СММ инчунин мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Лакшми Пури, муовини сохтори “СММ-Занон” низ баргузор гардидааст. Дар мулоқот ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва сохтори “СММ-Занон”, раванди татбиқи лоиҳаҳои ниҳоди мазкури СММ дар Тоҷикистон, хусусан лоиҳаҳои марбут ба беҳсозии амнияти иқтисодии занон, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии хушунат алайҳи занон, инчунин дигар самтҳои муҳими ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Аслов аз сохтори “СММ-Занон” барои ширкати фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт ва дар Анҷумани “Об ва Занон”, ки 8 июни соли равон дар чаҳорчӯби конфронси мазук доир мегардад, даъват ба амал овардааст.