Ғорати ду духтари тоҷик дар Русия
Расонаҳои Русия аз ғорат шудани ду хоҳар хабар медиҳанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Невски Санкт-Петербург иҷоранишин будаанд.
Торнамои “БалтИнфо” бо такя ба як манбаи худ аз мақомоти умури дохилии Русия навиштааст, ин хоҳарон, ки яке 36 ва дигарӣ 31-сол доштаанд, дар яке аз биноҳои “Хиёбони Русия” иқомат доштаанд. Манбаъ гуфтааст, 23 март вақте хоҳари бузург барои ворид шудани хоҳараш дари хонаро боз мекунад, ду нафари ношинос ба хона медароянд. Онҳо хоҳаронро дасту по баста, 100 ҳазор рубл ва 300 доллар, инчунин iPhone 4s, 8 занҷира, 2 дастбанд, 6 ангуштарӣ (дутоаш бо алмос) ва дигар ҷиҳози гаронарзишро мерабоянд: “Ҳаҷми умумии хисорот 458 ҳазор рубл ҳисоб шудааст. Аз рӯи ин далел тибқи моддаи 161-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст”.
Расонаҳо мегӯянд, ғоратгарон бидуни ниқоб будаанд: “Ҷабрдидаҳо онҳоро ба доғистониҳо монанд кардаанд”.