Пирӯзии яккачини Тоҷикистон бар футболбозони Молдив
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии рафиқона ба дарвозаи яккачини Молдив ду тӯби беҷавоб зад.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, ин бозӣ дар Майдони миллии пойхати Молдив, шаҳри Мали баргузор шуд ва голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расониданд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз ин қабил буд: Алишер Додов, Соҳиб Саванқулов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқул, 55), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 83), Дилшод Восиев (капитан), Хуршед Маҳмудов (Иброҳим Рабимов, 73), Манучеҳр Ҷалилов (Фарҳод Тоҳиров, 84).
Бозии мазкурро гуруҳи доварон бо роҳбарии Куттиаппа Раҷаратнам Прашантх Раҷакришнаи 36-сола аз Шри-Ланка назорат карданд.