Худкушии хонандаи 14-сола дар Конибодом
Дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд як хонандаи мактаб даст ба худкушӣ задааст.
Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Х.А.-и 14-соларо наздиконаш рӯзи 25 март дар оғилхонаи манзили истиқоматиашон дар ҳолати овехта пайдо кардаанд.
“Айни ҳол, мақомоти дахлдор ба хотири муайян кардани сабаби ба ҷони худ қасд кардани ин ноболиғ тафтишот мебарад”,-афзуд манбаъ.
Ин аввалин ҳодисаи худкушӣ дар минтақаи Суғд дар соли равон нест, ки тавассути овехтан анҷом мешавад. То имрӯз аз ба ҷони худ қасд кардани дасти кам ҳашт нафар бо ин васила хабар расидааст.