Шурӯи интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз, 27 март интихоботи Маҷлиси миллии Маҷли олӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, интихобот дар панҷ ҳавза, ки дар шаҳрҳои Душанбе (ду ҳавза), Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ташкил шудаанд, баргузор хоҳад шуд.
Маҷлиси миллӣ 33 аъзо дорад, ки 8 нафари онҳоро раисиҷумҳур таъин мекунад. Аъзои боқимондаро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд. Ба иттилои КМИРТ барои узви палатаи болоии парлумон шудан, номзадии 25 нафар пешниҳод шудааст.
Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури аввалини Тоҷикистон бар асоси Сарқонуни кишвар узви домии Маҷлиси миллӣ аст.