Дар даромадгоҳи дискоклуби «Порт Саид»-и пойтахт шаҳрвандони ҷумҳурии Ҳиндустонро ғорат карданд.
Дар ин бора аризаи шаҳрванди ин кишвар Муҳаммад Рафиқ сокини кӯчаи Айнӣ, хонаи 48, корманди меҳмонхонаи «Интернейшнол» ба мақомоти интизомӣ ворид гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз қабл, шахсони номаълум дар даромадгоҳи дискоклуби «Порт Саид», воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, бо роҳи зӯроварӣ аз кисааш нусхаи шиносномаашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ Насимҷон Шарипови 24 сола, сокини кӯчаи Н. Қарабоев, Диловар Шарипов 20 сола, сокини кӯчаи Фирдавсӣ , Парвиз Мирзоназаров 18 сола, сокини кӯчаи Фирдавсӣ, Меҳрубон Ҳасанҷонови 24 сола, сокини кӯчаи Сино, дастгир карда шуданд.
Манбаъ афзуд, ин афрод ҳамчунин шаби 23 ба 24-уми соли равон тахминан соати 23:30 бо роҳи зӯроварӣ аз кисаи шаҳрвандони ҷумҳурии Ҳиндустон Сайфу Сакер 400 доллари ИМА ва аз кисаи Пиҷантунӣ Награҷан 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа» ва 200 сомонӣ пули нақдашонро тасарруф намудаанд.{jathumbnail off}