АКС: Ғолибияти футболбозони навраси тоҷик бар қирғизҳо дар Ҷопон
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон ((U-16) дар мусобиқаи байналмилалии Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme дастаи Қирғизистонро шикаст дод.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад бозии мазкур дар Осакаи Ҷопон баргузор шуда, мунтахаби футболи наврасони кишвар бо ҳисоби 2:1 бар тими футболи наврасони Қирғизистон ғолиб омад. Ду голи мунтахаби наврасони футболи кишварро дар ин дидор Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 38-уми бозӣ ва Мубин Муминов дар 59-умин дақиқаи бозӣ ба ҳадаф расониданд. Гуфта мешавад мунтахаби наврасони тоҷик бо ғолибият бар тими Қирғизистон бо шаш хол дар сархати ҷадвали мусобиқоти Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme дар гурӯҳи “А” қарор дорад.
Вохурии даври ниҳоии мунтахаби футболи наврасони кишвар рӯзи 27 март бо мунтахаби Туркманистон доир хоҳад гашт. Ёдовар мешавем Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахаби наврасони кишвар (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов намояндагӣ мекунанд.