Фавти муҳоҷири 29-солаи тоҷик дар пайи сарорез шуданаш аз ошёнаи баланд
Як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар пайи сарорез шуданаш аз ошёнаи баланд дар шаҳри Санкт-петербург ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса рӯзи 25 марти соли равон дар шимоли ин шаҳри Русия рух додааст.
Ба иттилои мақомоти пулиси Санкт-петербург, ин шаҳрванди Тоҷикистон 29 сол дошта, аз ошёнаи 5-ум ба замин сарорез шудааст, ки дар пайи бардоштани захмҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона фавтидааст. Дар бораи ному насаби ин муҳоҷири тоҷик чизе гуфта нашудааст.
Манбаъ афзудааст, ҳоло таҳқиқи қазия идома дошта, ҳанӯз омили аслии он маълум нест.