3 намояндаи Тоҷикистон ба сабқати Назарбоев бо рақибонаш баҳо медиҳанд
Дар қатори намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил се шаҳрванди Тоҷикистон низ дар интихоботи пешазмуҳлати президентии Қазоқистон ба ҳайси нозир иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон, ин намояндагони Тоҷикистон рӯзи 25 марти соли равон расман аз сӯи ин ниҳод ба қайд гирифта шудаанд.
Интихоботи қаблазмуҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 26 апрел баргузор хоҳад шуд. Комиссияи маразии интихобот то имрӯз номзадии Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури феълӣ, Турғун Сиздиқов, котиби марказии ҳизби халқии коммунист ва Абелгаз Кусаинов, раиси Иттифоқи касабаро ба қайд гирифтааст. Ба иттилои ин кумисюн, гӯиё номзадии 9 нафар ба мақоми президентӣ дар ин интихобот ба делели ҳозир нашудани онҳо дар ҷаласаи комиссияи забони давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст.