ВИДЕО: Боздошти мансабдори Прокуратура бо 100 000 $ пора
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навори боздошти Киличбек Арпачиев, сардори раёсати тафтишотии Додситонии кулли ин кишварро нашр намуданд, ки зимни гирифтани 100 ҳазор доллар пора дар утоқи корияш дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ 19-уми марти соли равон ба хадамоти зидди фасоди Кумитаи амнияти миллӣ соҳибкори инфиродӣ муроҷиат карда, арз доштааст, ки корманди Прокуратураи генералӣ барои қатъи парванда алайҳи ӯ 200 ҳазор доллари амрикоӣ пора талаб кардааст.
Кумитаи амният мегӯяд, дар пайи боздошти айбдоршаванда, алайҳи ӯ тибқи моддаи 304 (сӯиистифода аз мансаб) ва 313 (дарёфти ришва) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.