(АКС) Консерти наврӯзии нобиноён: Ҳеч камие надорем...
Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе рӯзи 25 март бо баргузории консерти наврӯзӣ дар “Кӯли ҷавонон”- и пойтахт, аз ҷомеа даъват намуд, ки нобиноёнро аз худ ҷудо накунанд, балки ба онҳо ҳамчун ҷузъи тавонманди ҷамъият назар кунанд.
Холмаҳмад Тенгиниев, раҳбари ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон”- гуфт ин чорабинӣ бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе ва шуъбаи “Оперейшен мерси” дар Тоҷикистон доир шуда, мақсади асосии он ба ҳам овардани нобиноён бо ҷомеаи солим мебошад, ҷомеа имрӯз тавонад нобиноёнро ҳамчун як ҷузъи хеш қабул намояд: “Бо ташкили чунин чорабинӣ нобиноён тавонистанд ҳунари хешро дар байни ашхоси солим нишон диҳанд. Мо мехоҳем ҷомеа ҳунармандони нобиноро қабул кунад, то ки онҳо дар оянда тавонанд, мисли ашхоси солим, дар ҳар маҳфил ва тӯйю маъракаҳо ҳунарнамоӣ кунанд. Мехоҳем ба нобиноён на ҳамчун як маъюб бо назари раҳмдилӣ назар кунанд, балки барои онҳо шароитҳои корӣ ҳамроҳи ҷамъияти солим фароҳам оварда шавад, то онҳо ба ғайр аз нафақа барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ манбаи дигари даромад низ дошта бошанд”.
Холмаҳмад Тенгиниев илова намуд, ки нақша доранд аз 27 то 30-юми апрел ҳамоише барои омода сохтани соҳибкорон миёни нобиноён доир кунанд, то нобиноён тавонанд барои беҳтар кардани сатҳи зиндагиашон ба соҳибкорӣ низ машғул шаванд: “Чунин таҷриби дар дигар давлатҳо алакай роиҷ шудааст, ки нобиноён барномасози инфиродӣ, соҳибкор ва ё раҳбари ин ё он фурӯшгоҳу мағозаҳо мебошанд. Дар Тоҷикистон низ ин кор имкон дорад ва барои ин танҳо ба нобиноён имкон додан лозим”.
Тибқи иттилои ҷамъияти нобиноён феълан теъдоди афроди нобино дар Тоҷикистон 8 ҳазору 832 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора зиёда аз 300 нафарашон дар самтҳои гуногун кор мекунанд.