Бонки Миллӣ захираи тиллоро бештар кардааст
Бонки Миллии Тоҷикистон захираи тиллояшро дар моҳи феврал 0,6 тонна зиёд намуда, то ба 9,5 тонна расондааст.
Дар ин бора Хазинаи байналмилалии асъор дар сомонааш хабар дода, афзудааст, ки захираи тиллои Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 8,9 тоннаро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ дар баробари Тоҷикистон инчунин Қазоқистон низ захоири тиллояшро то ба 196,1 тонна зиёд намудааст: “Аммо захираи тиллои Русия ва Украина бетағйир монда, мутаносибан 1207,7 ва 23,9 тонна боқӣ мондааст”.
Ин дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ҳаҷми захираи тиллои кишварро 11 тонна арзёбӣ карда, афзуд, ки он дар худи Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ изҳор дошт, ки соли 2014 Бонки Миллӣ1,5 тонна тиллоро харидорӣ намуда, қисмате аз онро барои устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари сомонӣ харҷ намудааст.