Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз суқути "Аэробуси А320"
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони Филиппи VI, шоҳи Испания дар робита ба суқути ҳавопаймои Аэробуси А320, ки 150 қурбонӣ дар пай дошт, ҳамдардӣ баён кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин номаи худ ба шоҳи Испания гуфтааст, хабари суқути ҳавопаймои Аэробуси А320 дар ҷанбуи Фаронсаро, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони ин кишвар шуд, бо андуҳи бузург дарёфт намудааст.
“Бо ибрози таъзия ва тасаллияти самимӣ ба Шумо ва мардуми дӯсти Испания, аз Аълоҳазрат хоҳишмандам, ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро қабул фармуда ба наздикони ҳалокшудагон бирасонанд”.- омадааст дар номаи Э. Раҳмон.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани як номаи дигар ҳалокати шаҳрвандони Олмон дар ин садамаи ҳавопаймоиро ба кантслери федеролии ин кишвар - Ангела Меркел тасаллият гуфта, таъкид кардааст, ки ин хабар ӯро сахт андуҳгин кард.
Ҳавопаймои Аэробуси А320, ки аз шаҳри Барселонаи Испания ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвоз мекард, рӯзи 24 марти соли равон дар ҷануби Фаронса ба замин сарорез шуда, дар натиҷаи он 150 мусофир бо шумули халабонҳо ба ҳалокат расиданд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Олмон ва Испания мебошанд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ миёни фавтидагон шаҳрвандони Австралия, Бритониё, Испания, Туркия, Ҷопон, аз ҷумла се шаҳрванди Қазоқистон низ ҳастанд.