Нуҳ рақиби Нурсултон Назарбоев ба интихобот роҳ наёфтанд
Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон аз сабти номи шаш муддаии курсии президентӣ худдорӣ кардааст. Се номзади довталаби дигари ин курсӣ бо ариза номзадии худро пас гирифтаанд.
Дафтарии матбуотии ин комиссия гуфтааст, дар пайи ҷаласаи рӯзи 24 март дар мавриди сабти ном нашудани номзадҳо Яъқубҷон Ҷунисбеков, Кайрат Маишев, Ойгул Утепова ва Асилбек Омонтой қарор содир шуд. Манбаъ далели ин тасмимро ҳозир нашудани онҳо дар ҷаласаи комиссияи забони давлатӣ маънидод кардааст. Бо ҳамин сабаб номзадии Канат Ёсҷонову Дилмағамбек Биржонро ба қайд нагирифтаанд.
Бар асоси талаботи қонун номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон бояд аз имтиҳони забони давлатӣ бигзарад.
Дафтари матбуотии Коммисияи марказии интихобот мегӯяд, ахиран аз номи Муҳаммадраҳим Курсабоев, Мэлс Елеусизов ва Жаксибой Базилбоев бо дархости бозпас гирифтани номзадияшон ариза дарёфт кардаанд.
Интихоботи қаблазмуҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 26 апрел баргузор хоҳад шуд. Комиссияи маразии интихобот то имрӯз номзадии Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури феълӣ, Турғун Сиздиқов, котиби марказии ҳизби халқии коммунист ва Абелгаз Кусаинов, раиси Иттифоқи касабаро ба қайд гирифтааст.