Ҷонибдорони “Гуруҳи 24”: “Мо ифротӣ не, ислоҳотхоҳем”
Ҷонибдорони созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” дар рӯбарӯи бинои консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия гирдиҳам омада, хостори адолати иҷтимоӣ ва хотима бахшидан ба таъқиби мухолифин дар кишвар шудаанд.
Ин гирдиҳамоӣ рӯзи 24 март сурат гирифта, дар он ҳаводорони “Гуруҳи 24” эътирози худ алайҳи қатли раҳбарашон -- Умаралӣ Қувватов, ноадолатии иҷтимоӣ ва пайгардҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро баён карда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қатли Имомназар Имомназаров дар соли 2012 дар шаҳри Хоруғи Бадахшон шудаанд.
Тавре иштирокдорони ин гирдиҳамоӣ дар саҳифаҳои шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, онҳо дар даст аксҳои Умаралӣ Қувватов, Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи зиндонии тоҷик ва вакили мудофеи маҳкумшудаи ӯ -- Шуҳрат Қудратов, инчунин акси Санавбар Абдуллоева, соҳибкори тоҷикро доштаанд.
Собир Валиев, муовини раиси “Гуруҳи 24”, ки дар гирдиҳамоии мазкур иштирок доштааст, мегӯяд, далели аслии даст ба гирдиҳамоӣ задани онҳо дар хориҷ аз кишвар дар он аст, ки дар Тоҷикистон баргузории тазоҳуроту роҳпаймоиҳо ба мухолифини ҳукумат мамнӯъ мебошад. Ин мақоми аршади “Гуруҳи 24” гуфтааст, онҳо ифротгаро нестанд, балки ислоҳотхоҳанд: “Мутаасифона имрӯз бо сабаби онки дар Ватани азизи мо даҳони озодандешонро муҳр задаанду ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи роҳпаймоию тазоҳурот барои мухолифин мамнӯъ аст, мо дар ҳиҷрат эътирозу норозигии худро баҳри эълони ҳадафҳоямон, ки асоси онро барқарории қонунмеҳварӣ ва адолати судию баробарҳуқуқӣ ва интихоботи шаффоф бо риояти меъёрҳои ҷомеи маданӣ ташкилмекунад, созмон дода, овози худро баланд мекунем”.
Нуриддин Ризоӣ, яке аз иштироккунандаҳои дигари гирдиҳамоии ҳаводорони “Гуруҳи 24” гуфтааст, маҳз иқдомҳои охири ҳукумати Тоҷикистон боис шудааст, ки онҳо дар хориҷ аз кишвар даст ба тазоҳурот зананд: “Ин роҳро худи режим ихтиёр кард, имрӯз тамоми дарвозаҳо рӯи чавонон баста аст. Садои мардум шунида намешавад, дар интихобот тақаллубкорӣ мешавад, ҳукумат аз мардум фосила дорад, ҳақиқиат ва интиқодро қабул надорад, касе бигӯяд фишор ё зиндонӣ мешавад”.
Эътирози ҳаводорони “Гуруҳи 24” дар ҳолест, ки расонаҳои туркӣ, аз ҷумла сомонаи “Haber7.com” аз боздошти се гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” хабар додаанд ва ба мақомоти Тоҷикистон ҳам ишораҳое кардаанд, ҳарчанд пулис ва дигар мақомоти Туркия ин хабарҳҳоро то ҳол ба таври расмӣ тавзеҳ надодаанд.
Расонаҳои туркӣ гуфта буданд, ин се нафар бар ивази пул кушторро анҷом додаанд ва ҳанӯз се моҳ қабл тарҳи онро рехтаанд ва бо нафаре аз Тоҷикистон ҳамеша дар тамос қарор доштаанд.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари гуруҳи фаъолияташ мамнӯи “Гуруҳи 24” шоми 5 ба 6 март дар яке аз тангкӯчаҳои Истанбул бо зарби тир кушта шуд. Бино ба иттилои наздиконаш ӯ баъди заҳролуд шудани худ ва ҳамсару фарзандонаш дар меҳмонии нафаре бо номи Сулаймон Қаюмов ба кӯча мебарояд ва ҳадафи тир қарор мегирад.
“Гуруҳи 24” дар пайи фирори Умаралӣ Қувватов аз Тоҷикистон чанд соли пеш дар Маскав таъсис шуд ва моҳи октябри соли гузашта дар пайи даъватҳо ба гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе аз сӯи Додгоҳи олии кишвар созмони экстеримистӣ эълон гардид.