Табрикоти наврӯзии Беморхонаи Ибни Сино
Омад баҳори хуррам бо рангу буи тииб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб!
Мо, кормандони Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино омади баҳори пурфайз ва хушпайкро ба кулли ҳамватанон муборак гуфта, хоҳони саломатӣ, сарбаландӣ ва иқболу бахти некатон ҳастем!
Бо он байти бузургвор пири панҷрудӣ оғоз кардем ва бо ин абёти дигараш хоҳони шоду хушнуд буданатон дар ин рӯзҳои чашни иди бостонии муқаддаси ниёгон - Наврӯзи хуҷастапай мебошем! Бигзор дар ин сол нишоту тараб меҳмони доимии хонадонатон бошад!
Соқи, ту бидеҳ бодаву мутриб ту бизан рӯд,
То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост.
Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост.
Рӯзи Нав, Соли Нав муборак, дӯстони азиз!