Мусодираи 70 кило героин аз дохили “Opel Zafira”
Раёсати федеролии назорати маводи нашъадори Русия дар шаҳри Маскав аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи 70 кило героин хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, героинро дар бастаҳои селофанӣ аз дохили мошини “Opel Zafira”, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар яке аз хиёбонҳои пойтахти Русия дарёфт ва мусодира кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ ба далели гурез аз халал дар раванди тафтишот ном бурда нашудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар қонугузории Русия барои ин навъи ҷиноят то 15 соли зиндон пешбинӣ мешавад.