Корхонаи «Криолит» аз супурдани андоз ба буҷа коҳилӣ мекунад
Зимни амалиёти санҷиши кормандони мақомоти андоз дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон муайян карда шуд, ки бемасъулиятӣ ва хунукназарии бархе аз роҳбарон бақияи қарзҳои корхонаҳояшон рӯ ба афзоиш аст.
Тибқи маълумоти раёсати андоз, бақияи қарзи андози заводи сохташавандаи “Криолит”, воқеъ дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон, роҳбараш -Абдуманнон Ҳафизов, ки тибқи маълумотҳо баъди ба истифода супоридан корхона ба истеҳсоли маводи хоми арзиз машғул ҳоҳад шуд, айни ҳол бо ҷалби беш аз 160 нафар шаҳрвандони чинӣ тӯли 6 моҳ аст сохтмонаш идома ёфта истодааст. Ба гуфти манбаъ, мутаасифона то имрӯз ягон маблағи муайян аз ҳисоби андози даромад ва андози иҷтимоии музди меҳнати коргарон ба буҷет ворид нагардидааст. Ҳатто пас аз огоҳии чандинкаратаи нозироти андоз низ роҳбарияти корхона чораҳои зарурӣ наандешидаанд. Айни ҳол аз нозироти андози ноҳияи Ёвон нисбати корхона ба маблағи 463 ҳазор сомонӣ санади камералӣ тартиб дода шудааст,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}