Вазир: Фархундаи қатлшуда Қуръонсӯзӣ накардааст (ВИДЕО)
Пулиси Афғонистон Қуръонсӯзии Фархундаи 27-соларо, ки охири ҳафтаи гузашта аз ҷониби тӯдаи мардон дар Кобул кушта шуд, рад карда, дар иртибот ба ин қазия 18 нафарро боздошт намудааст.
Тибқи иттилои пулиси Афғонистон инчунин 13 маъмури пулис ба хотири нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз ин қатл аз кор озод шудаанд.
Нурулҳақ Улумӣ, вазири умури дохилии Афғонистон, ки дар робита ба ин қазия 23-юми март ба Маҷлиси намояндагон даъват гардид, изҳор доштааст, ки таҳқиқоти онҳо муайян кардааст, ки иттиҳоми Қуръонсӯзии Фархунда нодуруст аст. Гузоришҳои ахир аз қавли шоҳидони айнӣ мегӯянд Фархунда дар пайи ба баҳс кашидани хурофоти мазҳабӣ ва фурӯши таъвиз бо як руҳонии зиёратгоҳи Душамшераи Кобул кушта шуд.
Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар рӯзи душанбеи 23-юми март алайҳи ин ҳодиса дар маҳаллаи ба қатл расидани Фархунда раҳпаймоӣ карда, хостори маҳкамаи ҳамаи қотилони Фархунда шуданд. Инчунин имрӯз шуморе аз бошандагони Кобул дар баробари Додгоҳи олӣ бо шиорҳои “Адолат, адолат” “Мо ҳама Фархундаем” ва “Ҷаҳолат, ҷаҳолат душмани инсоният” таҷаммӯъ карданд.