БОР: Таваррум дар Тоҷикистон 10%-ро ташкил хоҳад дод
Бонки осиёии рушд пешгӯйӣ кардааст, ки дар соли 2015 рушди иқтисодии Тоҷикистон 4% ва сатҳи таваррум 10 дар садро ташкил хоҳад дод. Дар шарҳи ин БОР иттилоъ додааст, ки надоштани роҳ ба баҳрҳо, майдонҳои маҳдуди кишт, захоири ночизи истеҳсолӣ Тоҷикистонро аз таҳаввулоти берунӣ бисёр осебпазир кардааст.
Дар нашрияи “Чашмандози рушди Осиё”, ки иқтисоди солонаи қора аз сӯйи БОР натиҷагирӣ шудааст, гуфта мешавад, ки дар соли 2014 рушди иқтисодии Тоҷикистон аз 7,4%-и соли пешӣ то 6,7% коҳиш ёфтааст, ки ба ин камшавии якбораи интиқоли пул аз хориҷ ва коҳиши содироти пахтаву алюминиум таъсир гузоштааст.
Дар ин нашрияи БОР, ки имрӯз ба табъ расидааст пешгӯйӣ мешавад, ки зери таъсири рукуди иқтисоди Русия рушди солонаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (МММ) дар Тоҷикистон то 4 % дар соли 2015 ва то 4,8% дар соли 2016 поин меравад.
Си Си Ю, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон гуфтааст, ки “рукуди феълии иқтисоди Тоҷикистон зарурати шадид барои рушди зарфиятҳои захоири муфид ва афзудани содирот, ҳамучунин коҳиш додани осебпазирӣ аз таҳаввулоти берунро ба вуҷуд овардааст”. Ба гуфти ин намояндаи БОР амалӣ кардани ин зарфият тақозо мекунад ислоҳоти сохторӣ барои ҷалби сармояи хусусӣ ва эҷоди ҷойҳои кори ҳақмуздашон баланд дар кишвар гузаронида шавад.
Ҳамчунин ин ниҳод пешбинӣ кардааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2015 то 10% боло меравад ва дар соли 2016 то 6,5-7% паст мешавад. Дар соли 2014 ба нишондоди ин бонк сатҳи таваррум ба 6,1% ва дар соли 2013 ба 5,1% баробар будааст.
“Чашмандози рушди Осиё”, ки таҳлилу баррасии комили масоили макроиқтисодии кишварҳои қораи Осиёро дар бар гирифтааст, тавсеи иқтисодии ин кишварҳоро пешгӯйӣ намудааст.
Тоҷикистон аз соли 1998 узви БОР мебошад ва то кунун ин бонк ба Тоҷикистон дар ҳудуди 1,3 миллиард доллар ҳовии қарзҳои боимтиёз, грант ва ёрмандиҳои фаннӣ ироа намудааст.